Рушди истеҳсолоти миллӣ — имконияти нави сармоягузорӣ ба Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2016 14:28

Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили дуюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» 14 октябри соли равон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ — имконияти нави сармоягузорӣ ба Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Дар Форум аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони баландпояи ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, коршиносон, роҳбарон, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии бахши соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок намуда, дар шаш бахши пленарии он вобаста ба соҳаҳои афзалиятноки рушди истеҳсолоти ватанӣ, саноати сабук ва бофандагӣ, маъдан ва масолеҳи сохтмон, кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, сайёҳӣ, ҷалби технологияи муосир, коркарди маҳсулот ва вусъат додани занҷираи арзиши иловашуда, воридот ва содирот, ташкили кластерҳои саноатӣ, рушди истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ барои истеҳсолот ва дигар мавзӯъҳо муаррифиномаҳо пешниҳод мегарданд ва атрофи масъалаҳои мазкур миёни иштирокчиёни форум мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.
Дар Форум таваҷҷуҳи асосӣ  ва вақти бештар ба мулоқот ва суҳбатҳои мустақими байни сармоягузорону соҳибкорон дода шуда, мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон дар формати В2В (Business-to-Business (B2B) ва вазорату идораҳо бо соҳибкорону сармоягузорон (Business-to-Government (B2G) ташкил карда мешаванд, ки ин барои роҳандозӣ ва барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ миёни онҳо имконияти васеъ медиҳад.

Сентябрь 14, 2016 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»