Таҷлили Рӯзи дониш дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 01.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз субҳи барвақт бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ва қабули донишҷӯёни соли аввал дар Раёсати филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маросими тантанавӣ баргузор гардид.
Баъд аз маросими идона устодон ва донишҷӯёни филиали донишгоҳ суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Дарси сулҳ тавассути телевизион тамошо намуданд.
Тавре Робия Қурбонова, сардори шуъбаи тарбияи филиали Донишгоҳи мазкур иттилоъ дод, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар соли хониши нави 2016- 232 нафар донишҷӯёнро ба курси якум қабул намуд ва ҳамчунин факултаи «Реклама ва робита бо ҷомеа» низ дар ин сол таъсис дода шуд.
Ёдрас менамоем, ки соли гузашта 135 нафар донишҷӯён филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо хатм намуда, 18 нафар ба гирифтани дипломи сурх сазовор гардиданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






