Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул
Душанбе, 06.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони марказии Сеул (Донгдемун Сквеа) ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябр чорабинии идона барпо гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф Тоир ҳозиринро шодбош гуфта, роҷеъ ба аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва дастовардҳои ободиву рушди ин даврон таъкид намуд.
Дар чорабинӣ, ки бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, Ҷамъияти дўстии Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ, доираҳои бозаргонӣ, расонаҳои маҳаллӣ ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик баргузор шуд, аксҳои манзараҳои зебои Ватанамон, китобҳо дар бораи таъриху фарҳанг, намунаҳои асарҳои кулоливу заргарӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии суннатӣ, мавод оид ба имкониятҳои сайёҳии кишварамон ба намоиш гузошта шуда, дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






