Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод оғоз шуданд
Нуробод, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Нуробод субҳи имрӯз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иштироки меҳмонон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ботантана ҷашн гирифтанд. Зиёда аз 1000 нафар ҷавонону пирон, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо бардоштани шиору овезаҳо дар бораи Истиқлолияти миллати тоҷик ва таҳти шиори «Истиқлол- калиди ҳама хушбахтиҳост» роҳпаймоӣ намуданд.
Дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои мардумию либосҳои миллӣ ва хӯрокҳои миллии минтақа баргузор гардид. Ҳамчунин ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.
Баъд аз роҳпаймоӣ маҷлиси тантанавӣ бо иштироки сокинон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба дастовардҳои Истиқлолият ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони ҷумҳурӣ баргузор гардид.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






