Ташаккули гузаргоҳҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва кластерҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт
Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо директори Институти Ҳамкории Минтақавии Иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ) Кубат Умурзаков мулоқот намуд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар вохӯрӣ, ки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ҳузур доштанд, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои диверсификатсия ва ташаккули гузаргоҳҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва кластерҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук, мусоидат ба савдо ва ҳамкории давлатҳои ҲМИОМ дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷом тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Институти ҲМИОМ дар ҳамаи самтҳои дорои афзалияти иқтисодӣ баён доштанд.










КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






