Тоҷикистон дар машқҳои «Рисолати сулҳ-2016» ширкат меварзад
Душанбе, 15.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қирғизистон машқҳои муштараки низомии зиддитеррористии фармондиҳӣ- ситодии «Рисолати сулҳ -2016» оғоз меёбанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Ҳоло гурӯҳи муттаҳидаи қувваҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Тоҷикистон иборатанд, тақрибан ду ҳазор нафарро дар бар мегирад. Дар ихтиёри онҳо сесад адад техникаи ҳарбӣ қарор дорад ва аз ҳаво амали онҳоро 10 адад авиатсияи ҳарбӣ тақвият медиҳанд. То омадани ҳайатҳои низомӣ ҷониби Қирғизистон тамоми инфрасохтори шаҳраки низомиро омода кардааст»,- гуфта мешавад дар гузориш.
Марҳилаи фаъоли машқҳои «Рисолати сулҳ -2016» то 21 сентябр идома хоҳад кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






