ВКД ҶТ: эҳтиёт- ними ҳаёт! Ва зудбовар нашавед!
Душанбе, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябри соли равон тахминан соати 06:00 дар километри 231-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ» дар ҳудуди деҳаи Сафедоби поёни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба болои мошини тамғаи «Хундай-Галопер», таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, ки аз шаҳри Хоруғ ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрд. Дар натиҷа мошин ба чуқурии 250 метр чаппа шуд.
Мусофирони мошин- марди 30-сола, зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ва зани 57-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Худи ронанда ва мусофирони дигари мошин- занони 19 ва 22-сола ва ҷавони 23-сола, сокинони ноҳияи Ишкошим ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Дар ин рӯз тахминан соати 17:40 ронандаи мошини тамғаи «КАМАЗ», марди 20-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат дар мавзеи кӯҳии «Чордара»-и ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба чуқурии 150 метр чаппа кардааст. Дар натиҷа ронандаи мошин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин 14 сентябр тахминан соати 10:30 ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-21010» марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба самти деҳаи Фириштӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 6-солаи ин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 сентябр ба мақомоти милитсия бо ариза оид ба қаллобӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 13 июли соли 2015 марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ 9 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ манзили истиқоматӣ медиҳад, аммо то ҳол на манзили истиқоматӣ ва маблағро барнагардонидааст.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба ӯ ваъда додааст, ки манзили истиқоматӣ медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ба ҳамин монанд ба мақомоти милитсия зани 55-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2016 зани 53-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 12 ҳазору 700 доллари амрикоӣ ва аз зани 37-солаи сокини дигари шаҳри Душанбе 3 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидаанд.
Ҳамчунин марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба мақомоти милитсия дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2016, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе аз бовариаш суиистифода намуда, аз ӯ 2700 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе шикоят бурдааст, ки моҳи июни соли 2016 марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ мошини тамғаи «БМВ-Х5»-ро 14 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда, гирифтааст ва то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






