8 октябр- Рӯзи кишоварзон
Душанбе, 8.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолии мамлакатро бо озуқаворӣ, саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Аз ин рӯ ҳамаи инро ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар 5 августи соли 2009-ум 8 октябрро дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон ё «Меҳргон» эълон намуд.
Ёқубҷон Уроқов, сармутахассиси шуъбаи матбуоти Вазорати кишоварзии кишвар иброз дошт, ки тайи солҳои охир дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардид, ки мақсади асосии он рушди соҳаҳои гуногун, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, ба содирот нигаронидани он ва дар ин замина, таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Файзулло Амиршоев баён намуд, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ ба куллӣ тағир ёфта, дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ ба як зумра дастовардҳои назаррас ноил гардид.
«Доир ба рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ олимони тоҷик фаъолият намуда, танҳо дар соҳаи зироаткорӣ 152 навъи зироати кишоварзиро офариданд, ки он ба комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироати Вазорати кишоварзӣ пешниҳод гардида, дар натиҷа 84 навъи зироат минтақабоб гардонида шуд»,- гуфт Файзулло Амиршоев ва ҳамзамон афзуд, ки дар соҳаи боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро гузошта, 24 навъи серҳосилро офариданд, ки 10 навъи он минтақабоб гардидааст.
Дар соҳаи хокшиносӣ роҳу усулҳои самараноки баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо, технологияи пешгирии шӯршавии заминҳо ба роҳ монда шудаанд.
Ба гуфтаи Файзулло Амиршоев, дар бахши чорводорӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омада, хусусан олимон дар самти офариниши зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ ва такмилдиҳии хусусиятҳои ирсии маҳсулнокии зотҳои гову гӯсфандон, қутосҳои помирӣ ва парандаҳо ба дастовардҳо ноил гардиданд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ олимони Академия навъи чорвои ширии зоти сиёҳало ва зоти бузи тоҷикии серпашмро тасдиқ намуданд ва тасмим гирифта шудааст, ки дар соҳаи гӯсфандпарварӣ чорвои маҳинпашми дарвозӣ, навъи гӯсфанди регарию зоти ҳисорӣ, дар занбӯри асалпарварӣ зоти тоҷикии занбӯри асал, дар қутоспарварӣ навъи қутоси зарафшонӣ ва дар чорвои гӯштӣ навъи чорвои гӯштие, ки дар ҷумҳурӣ парваришёбанда аст, ба мисли чорвои қазоқӣ ва сарсафед дар панҷсолаи оянда барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
Дар давраи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Академияи илмҳои кишоварзӣ 189 патент ва 431 шаҳодатномаи муаллифӣ пешниҳод ва тасдиқ шудааст.








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






