Рӯзи Дарҳои кушоди Сафорати Тоҷикистон дар Япония
Душанбе. 08.10.2016, /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония Рӯзи дарҳои кушодро доир намуд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ муҳиммияти чорабинии мазкурро таъкид намуда, изҳор дошт, ки: «Ин чорабинӣ барои мардуми Япония ҷиҳати шиносоӣ аз фарҳангу таърихи қадима, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон таассуроти хуб хоҳад гузошт. Баргузории Рӯзҳои дарҳои кушод иқдоми таҳсиномези созмондиҳандагон мебошад, зеро чунин чорабиниҳо мардумони ду кишварро ҷамъ меоварад ва муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро боз ҳам мустаҳкам мекунад».
Барои меҳмонони Сафорат маълумоти муфассал дар бораи Тоҷикистон, санъати амалӣ ва ороишии халқи тоҷик, аксҳои ранга, филмҳои нави ташвиқӣ дар бораи дастовардҳои намоёни кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо назардошти соҳаи туризм ба намоиш гузошта шуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби дипломатҳои тоҷик ба саволҳои меҳмонон, ки ба маълумоти пешниҳодгардида мароқ зоҳир намуданд, батафсил посух гуфта шуда, ҳамчунин миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Япония дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои кишварҳои Муколамаи мазкур ташкил карда шудааст.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






