Ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилояти Суғд дар ҳоли афзоиш аст
Душанбе, 18.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳиссаи саноати вилояти Суғд дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ба 46,2 фоиз баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз зиёд аст.
Тибқи нишондоди таҳлилҳо дар ин давра шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол ва Спитамен дар заминаи нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ тавонистанд саҳми худро дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намоянд.
Интизор меравад, ки дар охири соли равон ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба беш аз 6 млрд сомонӣ баробар гардида, саноатчиёни вилоят аз иҷрои уҳдадориҳои худ ҷиҳати то 1 январи соли 2017 нисбат ба соли 2013, яъне дар зарфи 3 сол ду маротиба зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят маълумот хоҳанд дод.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






