Озифхон Шарифзода: «Соли 2016 барои кормандони соҳаҳои саноат ва энергетикаи вилояти Суғд марҳилаи тақвияту густариши нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои нав аст»

Октябрь 18, 2016 11:58

Хуҷанд, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Саноат аз соҳаҳои таъминкунандаи пешрафти ҳар мамлакат ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа аҳамияти хоса зоҳир гардида, ҳамасола баҳри рушди  он сармоягузорӣ меафзояд.

Яке аз минтақаҳои рушдкардаи саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо давоми чанд соли охир бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон бунёд гардидани як зумра коргоҳҳои саноатии пуриқтидор дар ин минтақаи шимоли кишвар мебошад. Роҷеъ ба нақш ва пешбурди ин соҳа хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар ин вилоят  бо мудири шуъбаи энергетика ва саноати вилоят Озифхон Шарифзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкашатон мекунем:

АМИТ «Ховар»:  Мегуфтед, ки соли равон, хосатан дар нуҳ моҳи сипаришуда дар соҳаҳои саноат ва энергетикаи вилояти Суғд чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд?

О.Шарифзода:  Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки соли 2016 барои кормандони соҳаҳои саноат ва энергетикаи вилоят воқеан ҳам давраи хотирмон, марҳилаи тақвияту густариши нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои нав буд. Саноатчиёни вилоят тавонистанд, ки 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гиранд.

Дар ин давра Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Дар натиҷа, вилояти Суғд тавонист, ки давоми 9 моҳи соли 2016 сатҳи баландтарини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии соҳаҳои саноат ва энергетикаро таъмин намояд.

АМИТ «Ховар»:  Чун аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ сухан рафт, бигӯед, ки нишондиҳандаҳо дар рақам чӣ гунаанд?

О. Шарифзода:  Тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, ки ба таъсири манфии омилҳои берунӣ нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 9 моҳи соли 2016 ба маблағи 4,7 млрд. сомонӣ расонида шавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,4 млрд сомонӣ зиёд буда, бо нархҳои амалкунанда ба 144,3 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 137,2 фоиз баробар мебошад.

Ин имкон дод, ки ҳиссаи саноати вилоят дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ба 46,2 фоиз баробар шавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 банди фоиз зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол ва Спитамен дар заминаи нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ тавонистанд, ки саҳми худро дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намоянд.

Интизор меравад, ки дар охири соли 2016 ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят ба беш аз 6 млрд сомонӣ баробар мегардад ва саноатчиёни вилоят бо сарбаландӣ аз иҷрои уҳдадориҳои  худ ҷиҳати то 1 январи соли 2017 нисбат ба соли 2013, яъне дар зарфи 3 сол ду маротиба зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят маълумот хоҳанд дод.

АМИТ «Ховар»:  Пӯшида нест, ки давоми чанд соли охир иқтисодиёти ҷаҳониро буҳрон  фаро гирифтааст. Дар ин замина, раванд ва таъсири ин омили ҷаҳонӣ бештар дар кадом соҳаҳои саноати вилоят эҳсос гардид?

О. Шарифзода:  Таҳлилҳо нишон доданд, ки буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ бештар ба соҳаи саноати сабуки вилоят таъсири манфӣ расонид. Чунончӣ, давоми 9 моҳ аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба маблағи умумии 154,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ба 96,2 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар буда, 16,8 млн сомонӣ кам аст. Агар дар 9 моҳи соли 2015 саҳми саноати сабук дар тавлиди маҳсулоти саноатии вилоят ба 5,3 фоиз баробар шуда бошад, он гоҳ нишондиҳандаи мазкур соли равон 3,3 фоизро ташкил доду халос. Корхонаҳои соҳа зери таъсири чунин омилҳои манфӣ, аз ҷумла тағйирёбии қурби асъор, коҳиши талабот бинобар коҳишёбии қобилияти харидорӣ (ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ), коҳишёбии нархи фурӯши дигар истеҳсолкунандагон ба мушкилоти муайян рӯ ба рӯ шуданд. Таъсири буҳронро ҳатто корхонаҳои калони соҳа, ба монанди «Спитамен-текстайл», «Нику Хуҷанд», «Ноҳид» ва дигарон эҳсос намуданд.

Буҳрон бештар ба соҳаи саноати хӯрокворӣ таъсир расонид. Аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар 9 моҳ ба маблағи умумии 324,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ба 6,9 фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноати вилоят баробар мебошад (соли гузашта нишондиҳандаи мазкур ба 9,3 фоиз баробар буд).

Ҳамчунин омилҳои берунӣ, аз ҷумла коҳиши нархи металлҳо, ки соли гузашта ва дар ибтидои соли равон ҷой дошт, ба соҳаи саноати кӯҳкорӣ низ таъсири манфӣ расонид. Вале корхонаҳои соҳа дар заминаи зиёд намудани ҳаҷми истихроҷ тавонистанд нишондиҳандаҳоро ба таври мусбат ҷамъбаст намоянд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар ин давра аз 632 корхонаи саноатӣ 176 корхона нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуданд ва 140 корхона фаъолият накарданд. Сабабҳои фаъолият накардану ақибмонии корхонаҳои саноатӣ аз як ҷиҳат агар таъсири буҳрони иқтисодию молиявӣ бошад, аз ҷониби дигар- нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот ва иваз намудани самти фаъолияту баҳсҳои амволӣ мебошанд.

АМИТ «Ховар»:   Вобаста ба ин  ҳолат дар вилоят кадом тадбирҳои зиддибуҳронӣ андешида шуданд ва чӣ натиҷа доданд?

О. Шарифзода:  Тадбирҳои зиддибӯҳронии андешидашуда имкон доданд, ки  натиҷагириҳо мусбат ҷамбаст гарданд. Дар 9 моҳи соли 2016 аз вилоят дар маҷмӯъ 465,9 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун содирот карда шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,2 ҳазор тонна зиёд буда, суръати афзоиш низ 107,4 фоизро ташкил дод.   Ҳамчунин агар солҳои қаблӣ дар рӯйхати намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ 89 намуди маҳсулот мавҷуд бошад, имсол ин рақам ба 112 адад баробар гардидаст. Як мисоли равшани  ин гуфтаҳо- ин пас аз ба кор шурӯъ намудани корхонаи истеҳсоли сементи  «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. тонна семент дар як сол, вилояти Суғд аз вилояти воридоткунанда ба содироткунандаи семент табдил ёфт. Инчунин дар ибтидои сол тибқи қарори Ҳукумати кишвар дар Суғд дар маҷмӯъ таъсиси 53 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда бошад, пас дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 9 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 76 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2,2 ҳазор ҷойи корӣ  (аз ҷумла 1,3 ҳазор ҷойи кор барои занҳо)  ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Дар ин замина, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда 50,5% (2,4 млрд. сомонӣ) ба соҳаи саноати металлҳои ранга, 6,9% (324,1 млн. сомонӣ) ба саноати хӯрокворӣ, 3,3% (154,4 млн. сомонӣ) ба саноати сабук ва 7,3% (342 млн. сомонӣ) ба соҳаи масолеҳи сохтмонӣ рост меоянд.

Инчунин баланд бардоштани музди меҳнати кормандон ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Тибқи ҳисоботи оморӣ то санаи 01.09.2016 шумораи кормандони соҳаи саноат ба 22,4 ҳазор нафар расида, музди миёнаи меҳнати кормандони соҳа 1488 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 239 сомонӣ зиёд буда, 119 фоизро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Дар ин робита дастовардҳои соҳаи энергетикаи вилоят чӣ гунаанд?

О. Шарифзода:  Боиси хушнудист, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум ва сохтмони хатҳои нави интиқоли барқи 220 кВ-и «Айнӣ-Панҷакент» ва «ЗИ Суғд-500» — НБО «Қайроққум» идома ёфтанд. Бешубҳа, амалигардонии лоиҳаҳои мазкур дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти вилоят нақши калидӣ дорад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар 9 моҳи соли равон ба  муштариён ба миқдори наздик ба  2,8 млрд кВт неруи барқ ба маблағи 321,3 млн. сомонӣ интиқол дода шуда, аз он 295,2 млн. сомониаш пардохт шудааст, ки 92 фоизро дар бар мегирад. Аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 100 млн. сомонӣ неруи барқ истифода шуда, 98,8 млн. сомонӣ пардохт шудааст. Гарчанд бо сабабҳои объективию субъективӣ ҷамъоварии садфоизаи маблағи барқи истифодашуда таъмин нагардида бошад ҳам, бояд тазаккур дод, ки нишондиҳандаҳои вилоят дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мераванд.

Мусоҳиб  Абдуаҳад Шарифзода, АМИТ «Ховар», Суғд

 

 

 

 

 

 

Октябрь 18, 2016 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад