Ҷалби беш аз 67 миллион сомонӣ сармоя ба иқтисодиёти Хуҷанд

Октябрь 22, 2016 09:12

Хуҷанд, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ҳоло  168 коргоҳи хурду бузург фаъолият доранд, ки аз он 7 корхонаи саноатӣ ба коркарди нахи пахта машғуланд. Дар давраи 9 моҳи соли равон аз тарафи ин корхонаҳо ба миқдори 1765,2 тонна нахи пахта коркард карда шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта ду маротиба  зиёд аст.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамчунин дар ин давраи ҳисоботӣ шумораи коргоҳҳои саноатии шаҳр, ки маҳсулоташон ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил  ва дигар давлатҳои хориҷӣ содирот мешаванд, ба 18 адад расидааст. Аз  оғози сол аз тарафи ин коргоҳҳо дар ҳаҷми 93700,2 сомонӣ маҳсулот содирот шудааст.
Дар давоми 9 моҳи соли равон ба иқтисодиёти шаҳри Хуҷанд зиёда аз 67,6 млн. сомонӣ ё 8674,3 ҳазор доллари амрикоӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 52,4 млн. сомонӣ  зиёд мебошанд.

Октябрь 22, 2016 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд