Анҷумани IV омўзгорони ИДМ: қадрдонии 5 намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи ИДМ»
Душанбе, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Анҷумани IV омўзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил 5 намояндаи соҳаи маориф аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи ИДМ» қадрдонӣ шуданд.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, дар кори Анҷуман 14 намояндаи соҳаи маорифи кишвари мо ширкат намуданд.
Раиси Шўрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко дар анҷуман иброз дошт, ки низоми маорифи кишварҳои узви ИДМ бо шакли низоми маорифи миллӣ рушд карда, ҳамкории судманди байнидавлатӣ ба роҳ монда шудаанд.
Вазири маориф ва илми Федератсияи Русия Олга Василйева вобаста ба шароити кунунӣ, низоми таълиму тадриси тағйирёбанда, таваҷҷуҳ ба таҷрибаи нав, технологияи муосир ва муҳимтар аз ҳама, таваҷҷуҳ ба омўзиши омўзгорони кишварҳои ИДМ, ки бештар гардидааст, сухан кард.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ояндаи ҳар кишвар аз рушди маориф ва илм вобаста аст. «Аз ин рў, тамоми кўшишу ғайрати мо ба тарбияи насли босаводу маълумотнок, соҳибмаърифату болаёқат равона шудааст, зеро маҳз ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат метавонанд дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошанду дар ҷаҳони мутамаддин дастовардҳои худро муаррифӣ намоянд»,-илова намуд Р.Мирбобоев.
Хотиррасон мекунем, ки дар кори анҷуман беш аз 400 нафар аз 8 кишвар — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Туркманистон ширкат намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






