Ба Раҳбарияти сомонаи «Азия Плюс»

Октябрь 2, 2016 08:36

Душанбе, 02.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Хурсандам, ки хабарнигорони Шумо бо маҳфили  «Гуфтугӯи тамаддунҳо»  ҳамкорӣ доранд ва гузоришҳоеро низ дар ин бора ба нашр мерасонанд. Аммо хеле хоҳиш мекунам, хабарнигороне, ки дар ин маҳфилҳо иштирок мекунанд, бояд донандаи хуби забонҳо бошанд, то ҳақиқатро дар пеши хонандаву ҷомеа ҷониби ғалат набаранд.

30-юми сентябри соли равон дар сомонаи «Азия Плюс» таҳти сарлавҳаи «Как мы потеряли независимость, Бухару и Самарканд» маводе ба нашр расид, ки муҳтавои онро нишасти навбатии Маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо» бо иштироки доктори илмҳои таърих, профессор Намоз Ҳотамов дар бар мегирад.

Мавзӯи зимни нишаст муҳокима гардида, танҳо ва танҳо хусусияти таърихӣ-илмӣ дошт. Аммо хабарнигори «Азия Плюс» ба хотири бахшидани ҷанбаи ҳангома онро бо андешаҳои иғвоангезона махлут сохтааст. Худи сарлавҳаи ҳамин хабар ҳаргиз бо мавзӯи муҳокима шуда иртибот надорад ва зимни нишаст дар бораи «аз даст додани Самарқанду Бухоро» ҳатто ишорае набуд. Аз ин унвон бар меояд, ки мо соли 1920 истиқлолиятро гум кардаем. Ҳол он, ки мавзӯъ дар бораи он мерафт, ки воқеаҳои моҳи сентябрии соли 1920-и Бухоро инқилоб буданд ва ба манфиати халқи меҳнаткаш буданд ё не? Ва ҷавоб ба ин савол он буд, ки мо аз асорати амир озод шудем. Вале ҳаргиз дар маҳфил даъвои ҳудудӣ нисбати дигар кишвар вуҷуд надошт.

Ҳамкасбони азиз, хабари Шумо моҳияти тадқиқотеро, ки ман муддати 40 соли умрам машғул ҳастам, таҳриф мекунад. Дар назари ман инқилоби Бухоро як қадаме ба заминаҳои истиқлолияти воқеии мо буд, ки чанде қабл 25-солагии онро ҷашн гирифтем.

Мутаассифона, вақтҳои охир журналистони аз касб дур ҳам дар баъзе нашрияҳо ба кор омада, моҷаросозӣ ва ҳангомабозӣ аз мавзӯи оддиро касб кардаанд, ки ин ба одоби журналистика бегона аст.

Хоҳишмандам имкони ислоҳи камбудии роҳ додаатонро пайдо кунед.

 

Бо эҳтиром, Раиси Маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо», профессор Иброҳим Усмонов

 

Октябрь 2, 2016 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!