Баррасии мавзӯи забон, шаҳомат, мавқеъ ва аҳамияти он дар рушди маънавиёти шаҳрвандон дар конфронси илмӣ-адабӣ дар Ваҳдат
Ваҳдат, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таҷлили ин ид дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр бо иштироки адибону олимон вохӯриҳои судманд баргузор менамояд.
Инчунин дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбии шаҳр дар мавзӯъҳои «Аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»», «Омилҳои асосии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Инъикоси мавзӯи забон, шаҳомат, мавқеъ ва аҳамияти он дар рушди маънавиёти шаҳрвандон дар адабиёти тоҷик» конфронсҳои илмӣ-адабӣ доир гардиданд, ки хонандагону донишҷӯён аз онҳо оид ба аҳамияти забони давлатӣ ва пос доштани он баҳра бардоштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






