Бозии «Истиқлол» ва « Равшан» мусовӣ анҷом ёфт

Октябрь 27, 2016 08:32

Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Равшан»-и Кӯлоб» ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Ҳосилот»-и Фархор дар доираи бозиҳои ҷавобии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва Хуҷанд бозӣ карданд. Бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.
Ёдрас мешавем, ки дар рақобатҳои нахустини дастаҳо дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 4:0 ғалаба ба даст оварда буд. Дар вохӯрии дигар, ки дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, меҳмонон пирӯз шуданд. Ҳарчанд дар қисми аввали дидор ҳолатҳои зиёди хатарнок дар назди дарвозаҳои дастаҳо ба назар мерасид, то дақиқаҳои охирин дар қисми аввали бозӣ гол зада нашуд. Бозингарони бошгоҳи «Ҳосилот»-и Фархор дар дақиқаи 41-уми бозӣ дар як маврид хати дифои мизбонон-дастаи «Хуҷанд»-ро рахна карданд. Муаллифи ин гол Наврӯз Рустамов буд.
Бо ҳамин ҳисоб қисми аввали бозӣ анҷом пазируфт. Дар дақиқаи 52-юми бозӣ бозингарони дастаи «Ҳосилот» қоидаи бозиро дағалона вайрон намуданд ва довар зарбаи ҷаримавии 11-метра таъйин намуд. Манучеҳр Аҳмадов тавонист ин ҳолатро ба таври олӣ истифода намуда, имтиёзҳои дастаҳоро баробар кунад. Мизбонон дар дақиқаи 67-ум боз ҳам дар хатти дифоъ ба иштибоҳ роҳ доданд. Аз ин ҳолат Иброҳим Рабимов, бозингари чолоки дастаи «Ҳосилот» истифода карда, тақдири бозиро ҳал намуд. Ҳамин тавр, ҳисоб 2 бар 1 ва бо пирӯзии дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор анҷом пазируфт.
Ёдрас мешавем, ки ин дастаҳо бозии қаблиро бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи дастаи «Ҳосилот» анҷом дода буданд.

Октябрь 27, 2016 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад