Дар Ҳафтаи XXII муттаҳидаи гастроэнтерологии Русия табиби тоҷик раёсатро ба уҳда дошт

Октябрь 5, 2016 17:07

Душанбе, 05.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи XXII муттаҳидаи гастроэнтерологии Русия, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 3 октябр ба кори худ оғоз карда буд, имрӯз ҷамъбаст гардид. Дар он беш аз 4 ҳазор олимону мутахассисони соҳаи тибби на танҳо шаҳрҳои Русия, балки хориҷи кишвар низ ширкат доштанд.
Дар ҷамъомад Тоҷикистонро гастроэнтерологи шинохтаи тоҷик, академик Ғиёсиддин Меъроҷев муаррифӣ кард.
Хотиррасон мекунем, ки ҳамоиш бо ибтикори Ассотсиатсияи гастроэнтерологии Русия, Ҷамъияти Русия оид ба омӯзиши ҷигар ва Академияи илмҳои Русия гузаронида шуд.
Боиси ифтихор аст, ки табиби шинохтаи тоҷик Ғиёсиддин Меъроҷев дар ҳамоиш на танҳо маърӯза кард, балки дар ду машварати пленарӣ раисиро ба уҳда дошт.
Тавре ки Ғиёсиддин Меъроҷев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҳамоиш вай дар мавзӯъҳои «Ташхиси аввалаи вайроншавии қанд дар беморони фарбеҳ», «Вирпас- доруи нав барои муолиҷаи гепатит ва сиррози вируси С ҷигар» ва «Бемориҳои гранулематозии меъда» маърӯза кард.
«Иштироки намояндагони Тоҷикистон ва раисӣ дар ин ҳамоиши бонуфуз аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи гастроэнтерологияи тоҷик хеле рушд кардааст ва таҷрибаи олимони моро дар тамоми ҷаҳон мепазиранд. Имрӯз соҳаи гастроэнтерологияи тоҷик дар ташхис ва табобати босифати бемориҳои меъда корҳои зиёдро ба сомон расонида, ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Таҷрибаи моро дар ин соҳа духтурони давлатҳои хориҷ низ ба кор мебаранд. Дар маърӯзаҳои худ ман масъалаи ташхис ва роҳҳои табобати бемориҳои меъдаю рӯдаро баррасӣ кардам. Бояд гуфт, ки аз бемориҳои меъда аҳолии бештари ҷаҳон азият мекашанд»,- иброз дошт Ғ. Меъроҷов.
Ғ. Меъроҷев илова намуд, ки дар ҳамоиш олимону духтурон аз Озарбойҷон, Олмон, Эстония, Латвия, Словения, Амрико, Украина ва дигар кишварҳо иштирок карда, мушкилот, дастовард ва дурнамои соҳаи тиббро баррасӣ намуданд.

Октябрь 5, 2016 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик