Дар ноҳияи Деваштич истеҳсоли атласу адрас ба 2338 метр расид

Октябрь 5, 2016 11:49

Душанбе, 5.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Занони ҳунарманди ноҳияи Деваштич давоми нуҳ моҳи соли равон дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ якҷо бо шогирдонашон 2338 метр матои атлас ва адрас истеҳсол карданд.
Дар сатҳи ҷамоатҳои ноҳияи Деваштич 14 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ ташкил шуда, ҳоло фаъолияти пурсамар доранд.
Маркази таълимӣ-истеҳсолии мавҷуд дар деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич яке аз фаъолтарин марказҳои ноҳия маҳсуб мешавад. Занҳои ҳунарманди ин марказ танҳо дар соли равон 1245 метр атласу адрас истеҳсол кардаанд.
Соли 2015 дар вилояти Суғд ба эёҳи меҳнати хонагии занону духтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беш аз 150 маркази ҳунаромӯзӣ ташкил гардидааст. Дар онҳо теъдоди зиёди занони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.

Октябрь 5, 2016 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст