Дар вилояти Суғд сифати таҳсил мавриди таваҷҷуҳи соҳаи маориф қарор дорад

Октябрь 22, 2016 09:18

Душанбе, 22.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки масъулони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят семинари дастурдиҳӣ дар мавзӯи «Омӯзиши таҷрибаи пешқадами гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот, ҳуҷҷатгузории бахшҳои Хадамот дар самти омода намудани ҳисоботи оморӣ» баргузор гардид.
Роҳат Мирзоев, мудири шуъбаи ҳамоҳангсозии кор бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҷорӣ кардани маводи ягонаи санҷиширо дар мактабҳои миёнаи кишвар бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида, афзуд, ки чунин тарзи санҷиши дониш воқеияти дониши талабаро муаяйн мекунад. Номбурда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо ҷалби устодони варзида дар ояндаи наздик чунин мавод таҳия карда шаванд.
Ҳамчунин омӯзгорони шаҳрҳои Истаравшан ва  Хуҷанд дар бораи нақши гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии толибилмони муассисаҳои таълимӣ гузориш доданд.

Октябрь 22, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд