Дастгирии 21 лоиҳа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон
Қурғонтеппа, 22.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа маросими супоридани грантҳои раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон ғолибони озмунро табрик намуда, гуфт: «имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вилояти Хатлон занони соҳибкорро дастгирӣ менамоянд. Эълони озмуни мазкур барои гранти раиси вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, гувоҳи он аст, ки ҳар як икдоми занон оид ба рушди ҷомеа ва соҳибкорӣ дастгирӣ меёбад».
Чанде пеш озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон эълон шуда буд. Тибқи талаботи озмун 21 лоиҳа ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфтанд.
Ҳаҷми грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои нақшавӣ муайян карда шудааст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






