«Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!»- Рӯзи дарҳои кушод дар Академияи хурди илмҳо
Душанбе, 01.09.2016. /АМИТ«Ховар» /. 2 октябри соли равон дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он метавонанд хонандагони синфҳои болоӣ (синфҳои 8-10)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат намоянд.
Тавре аз маркази матбуоти Академияи илмҳо хабар доданд, Академияи хурди илмҳои (АХИ) Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторест, ки робитаи муассисаҳои илмию тадқиқотии академиро бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади тарбияи кадрҳои илмӣ ва мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ амалӣ месозад.
Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ барои омода намудани мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин такмилдиҳандаи фаъолияти илмии муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда мусоидат менамояд.
Шиори Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!» мебошад.
Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии толибилмон- хонандагони синфҳои болоӣ (синфҳои 8-10) мебошад, ки вазифадор аст интихоби касб, ба эҷодиёти илмиву техникӣ ҷалб намудани хонандагон, рушди маърифат, малакаи кори илмиву тадқиқотӣ, ихтироот ва таҷрибаро дар вақтҳои берун аз дарс, таҳти сарварии олимон, омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таълимгоҳҳо ва мутахассисони хоҷагии халқ вусъат бахшад.
Ҳадаф ва вазифаҳои Академияи хурди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
1. Мусоидат ба муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи хонандагон, парвариши муносибати эҷодӣ ба меҳнат, мавқеи фаъоли ҳаётӣ.
2. Рушди эҷоди илмиву техникӣ, малакаҳои ҷустуҷўю тадқиқ ва таҷриба. Тавсияи шабакаҳои филиалҳои бахшҳо, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ.
3. Таҳкими робитаҳои Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ бо корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва ба сарварии маҳфилу бахшҳо ҷалб намудани олимон, мутахассисон, ихтироъкорон ва навоварон.
4. Такмили шакл ва равишҳои тарғиби дастовардҳои илм, техника ва истеҳсолот, низоми назорат ва роҳбарӣ ба анҷуманҳои илмии хонандагон ва истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






