Фестивали VII байналмилалии «Дидор» ба ёдбуди коргардони машҳури тоҷик Бахтиёр Худойназаров бахшида мешавад

Октябрь 4, 2016 15:36

Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтумин Фестивали байналмилалии «Дидор» дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бо мақсади шиносоӣ бо корҳои омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалӣ 5 октябри соли равон соати 10:00 дар Хонаи синамогарон (кинотеатри «Зебуннисо»), воқеъ дар хиёбони Садриддин Айнӣ 131, барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир мегардад. Ба нишаст рўзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ даъват карда мешаванд.
Филмҳои Фестивали байналмилалии VII «Дидор» рўзҳои 16- 20 октябр аз соати 10:00 дар Хонаи синамогарон доир шуда, ҳамарӯза то панҷ намоиш нишон дода мешавад. Тамошо ройгон аст.
Расми ифтитоҳи фестивали VII «Дидор» дар рўзи Кинои тоҷик- 16 октябр соати 17:00 дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати синамогарони тоҷик ва меҳмонони ҷашнвора аз Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Эрон, Муғулистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Швейтсария ва Олмон баргузор мегардад.
Чун анъана ҳар Фестивал ба бузургдошти яке аз синамогарони шинохтаи тоҷик ё ҷаҳонӣ бахшида мешавад. Давраи ҳафтуми «Дидор» ба ёдбуди синамогари машҳури тоҷик, шодравон Бахтиёр Худойназаров эҳдо мегардад. Гулчини беҳтарин филмҳои ӯ: «Бародар» (1990), «Қош ба қош» (1994), «Падари маҳтобӣ» (1999), «Дар интизории баҳр» (Русия, 2012) манзури тамошобинон мегардад.
Бо сабаби афзудани таваҷҷуҳи ҷавонони эҷодкори Тоҷикистон ба аниматсия филми тасвирӣ барои муаррифии онҳо бо унвони «Ҷашни аниматсия», ки филмҳову барномаҳои онҳоро ба намоишу муҳокимаи мутахассисон вогузор менамояд, аз навгониҳои фестивали «Дидор» маҳсуб мешавад.
Дар фестивали мазкур ба синамои муосири Муғулистон, ки тамошобини тоҷик доир ба он маълумоти кам дорад, таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
Дар ҷамъбасти Озмуни байналмилалӣ ба ғолибон ҷоизаҳо супорида мешаванд.
Дар фарҷоми фестивал ҳамчунин дар мавзўи «Кинои хуб чӣ гуна таҳия мешавад?» суҳбат баргузор мегардад.

Октябрь 4, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид