Гумрукчиён беш аз 2,5 кг ҳашишро дар ҷануби кишвар мусодира намуданд

Октябрь 5, 2016 11:21

Душанбе, 05.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти гумруки кишвар зимни амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Сарбанд шаҳрванди 41- сола А.Н.-ро дастгир намуданд, ки аз ӯ ба миқдори беш аз 2,5 кг маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» мусодира гардид.
Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки шаҳрванд А.Н. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шахсони ба мақомоти таҳқиқ номаълум ба кори ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол ва ба шахси дигар додани маводи нашъаовар машғул шудааст.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбат ба ин ҳолат бо моддаи 200 қисми 3 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, барои баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шуд.

Октябрь 5, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст