Хуҷанд: Муассисаҳои тандурустӣ ба зимистон омодаанд
Хуҷанд, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои тиббии маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. Дар ин бора масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,
Ширкати ҶДММ «Баракат», воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров муасисаҳои тиббии шаҳрро дар умум бо 555 тонна ангишт таъмин кард. Аз ҷумла, аз ҷониби Беморхонаи клиникавии №1- 235 тонна, Беморхонаи шаҳрии №2 — 175 тонна ва Таваллудхонаи шаҳрӣ — 145 тонна ангишт харид шуда, инчунин БКШ №1 бо 3 адад, БКШ №2 бо 2 адад, Беморхонаи сирояткунандаи шаҳр бо 2 адад, таваллудхонаи шаҳрӣ бо 2 адад ва Маркази саломатии №5 бо 1 адад, дар умум бо 10 генератор таъмин карда шуданд.
Ҳамзамон дар ҳамаи муассисаҳои тандурустии шаҳр истифодаи пурраи лампаҳои каммасраф ҷорӣ карда шуда, шишабандии оинаҳо низ гузаронида шуд. Гармкунакҳои барқӣ омода карда шуда, трансформаторҳои барқӣ санҷида шуданд. Ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ бо сипарҳову лавозимоти зиддисӯхтор таъмин карда шуда, ҳамчунин бо кормандони муассисаҳои тиб оид ба қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва истифодаи қувваи барқ омӯзишҳои иловагӣ гузаронида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






