Ифтитоҳи расмии Кинофестивали «Дидор» дар фазои бошукӯҳ баргузор гардид

Октябрь 17, 2016 10:41

Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи Кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» дар фазои бошукӯҳу сатҳи шоиста баргузор гардид.
Кинофестивали байналмилалии «Дидор» дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва навбати ҳафтуми он ба ду санаи таърихӣ мувофиқ омад- яке 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигаре 85- солагии кинои тоҷик.
Мушовири Ёрдамчии калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода ба меҳмонону иштирокдорони кинофестивал, ки аз кишварҳои Русия, ИМА, Эрон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Муғулистон ва соири кишварҳои дуру наздик омада буданд, барқияи шодбоширо аз номи Сарвари давлат қироат намуда, хуш омадед гуфт.
habari-akramРаиси кумитаи тадорукоти кинофестивали байналмилалии «Дидор», раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён зикр кард: «Боиси хурсандист, ки кинофестивали «Дидор» сол то сол дар миқёси минтақа ва кишварҳои шарқ нуфузи бештар касб мекунад. Барои мо шараф аст, ки чунин ҳайати бонуфузи синамогаронро дар сарзамини қадимаи тоҷикон пазироӣ мекунем».
Бояд гуфт, ки кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» то 20 октябр идома меёбад ва дар ин рӯзҳо дар толорҳои (хурду бузург) кинотеатри «Зебуннисо» филмҳои барои фестивал пешниҳодшуда ба тариқи ройгон намоиш дода мешаванд.
Дирӯз то оғози расмии кинофестивал филмҳои «Братан», «Ҳар яке», «Инсайт», «Арӯси замонавӣ», «Сафари ҳавоӣ» дар толори бузурги кинотеатри «Зебуннисо» нишон дода шуда, имрӯз намоиши филмҳои «Коса», «Будан», «Проектор», «Тирамоҳи ҷодугар», «Субҳ ва як рӯз дар пеш», «Ҳастӣ», «Кеч», «Бачаҳои перешон», «Дидгоҳ», «Атлан», «Муроқибат аз ҷунос» ва «Духтар» дар толори хурди кинотеатри «Зебуннисо» баргузор мегарданд.

Октябрь 17, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд