Исфара: Маҳфили бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Октябрь 5, 2016 11:52

Душанбе, 5.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5-уми октябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара маҳфили бошукӯҳ доир гардид.
Роҳбарияти шаҳр табрикоти хешро бо эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому манзалати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати гиромӣ доштану ҳифз кардани забони ноби тоҷикӣ ба аҳли нишаст ва ба кулли мардуми шарифи Исфара ироа намуданд.
Инчунин дар маҳфил омӯзгорон ва толибилмони дабистонҳои шаҳр дар ситоиши забон маърӯза ва шеърхонӣ карда, маҳфилро рангину таъсирбахш гардонданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Октябрь 5, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст