Китоби «Созшиносӣ»-и Хуршед Низомов ба дасти хонанда расид
Душанбе, 11.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Адиб» китоби Хуршед Низомовро таҳти унвони «Созшиносӣ» ба нашр расонид.
Дар китоб дар бораи таснифоти созҳои миллии тоҷик, марҳилаҳои ташаккул, раванди омодасозии созҳои мусиқӣ ва рисолаҳои мусиқӣ маълумоти пурра дода шудааст.
Қаблан, аз ҷониби Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» китоби «Созҳои мусиқии тоҷик ва ҳунари созтарошӣ»-и Хуршед Низомов нашр гардид, ки дар он вобаста ба навсозӣ (реконструксия)-и созҳои миллӣ, таърихи ташаккули аввалин дастаҳои касбии ҳунарӣ ва мактабу омӯзишгоҳҳо дар мамлакат, ансамблу оркестрҳои созҳои миллӣ ва инкишофи санъати касбии тоҷик маълумот дода шуда буд.
Китоби «Созшиносӣ» зери назари номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода таҳия гардида, муҳаррири илмӣ номзади илмҳои таърих Абубакр Зубайдов ва муқарризи китоб Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷӯрахон Обидпур мебошанд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






