Мақомоти гумруки Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориро дар асоси Созишномаи нави ҳамкорӣ тавсеа мебахшанд
Душанбе, 14.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкорӣ дар бахши гумрук байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мулоқоти Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сомнатҳ Гош, Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Абдуфатоҳи Ғоиб афзуд, ки ҳамкории ду кишвар дар бахши гумрук дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи ҳамкориҳо дар мубориза бо қоҷоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, инчунин бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва моддаҳои психотропӣ» аз моҳи декабри соли 1999 ба роҳ монда шудааст. Ин заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон рушд ёбад. Дар нуҳ моҳи соли равон гардиши тиҷорат байни ду кишвар 18,5 миллион долларро ташкил дод, ки танҳо ба воридот рост меояд. Зикр шуд, ки алҳол аз ҷониби мутахассисон лоиҳаи Созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» таҳия гардида, мавриди мувофиқа қарор дорад.
Таъкид гардид, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ бо Ҳиндустон аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносиботи тиҷоратию иқтисодии байни ду кишварро фароҳам меоварад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






