Наргиси Беҳзод дар саҳифаи худ дар Фейсбук: Чаро кӯдакон қурбонии бозиҳои сиёсиянд?!
Душанбе, 12.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба гузориши миссияи СММ, ки 17 апрели соли равон нашр гардида буд, аз оғози сол дар Афғонистон 161 кӯдак ҳалок шуда, 449 кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштаанд. Роҳбари миссия Даниел Белл иттиилоъ дод, ки бар асари амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон асосан занону кӯдакон осеб мебинанд. Ба гуфтаи ӯ аз се як қисми осебдидагон кӯдаконанд.
«Агар амалиёти ҳарбӣ назди мактабҳо, майдончаҳои кӯдакон, хонаҳои истиқоматӣ ё беморхонаҳо давом ёбад, агар ҷонибҳои даргир истифодаи лавозимоти таркандаро дар назди ин маконҳо идома диҳанд, шумораи қурбониён ба маротиб меафзояд», — гуфта шудааст дар гузориш.
Тибқи маълумоти ин гузориш, ҳаракати исломии «Толибон» масъулияти аз даҳ нафар ҳалокшудагон шаш нафарашро бар дӯш гирифтааст.
Давоми се моҳи аввали соли 2016-ум 600 нафар аҳолии осоишта ҳалок гардида, 1343 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар гузориш иттилоъ дода шудааст, ки шумораи ҳалокшудагон нисбат ба соли гузашта 13% коҳиш ёфта, вале шумораи ҷароҳатбардоштагон 11% афзудааст.
Соли 2015 дар Афғонистон дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ беш аз 11 ҳазор осеб дида, аз ин шумора 3545 нафар ҳалок шудаанд.
Ин гузориш пас аз он нашр шуд, ки гурӯҳи «Толибон» ба шимоли Афғонистон ҳуҷум карда, бори дигар талоши зери назорат даровардани шаҳри Қундузро (ин гурӯҳро соли гузашта неруҳои Афғонистон аз он ҷо зада берун карда буданд) дошт. Ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Доир ба вазъи ҳуқуқи инсон, бахусус кӯдакон дар Афғонистон Наргис Беҳзод, журналисти мустақил маводе навиштааст, ки муҳтавои он чунин аст:
Ҷаҳони кӯдакон як ҷаҳони софу беолоиш аст ва бехирадии азалии террористон онҳоро дар чанголи бозиҳои сиёсӣ ҳамарӯза ё дар як кишвари ҳаммарз бо Тоҷикистон, дар Сурияву Ироқ ё дигар кишвари ҷангзада ба коми худ кашида, қурбон мекунад. Вақте ки ба аксҳои ин кӯдакон назар меафканӣ, кам касе ёфт мешавад ҳангоми диданашон дилхун нашавад ва об аз дида нарезад…
Чанд рӯз аст, ки ба аксҳои кӯдакон дар хиёбонҳои вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон назар меафканам ва ҷисми беҷони бераҳмона куштаи тифлакони маъсум ба риққатам меорад. Оё толибон (террористон) модар, фарзанд, ватан надоранд ва киро аз кӣ муҳофизат мекунанд? Зинда будани кӯдакони бегуноҳ ба онҳо чӣ зарар дорад?
Ҷумҳурии мо ба давлати ҳамсояи Афғонистон 1344,15км ҳаммарз буда, тавассути дарёи Панҷ рафтуомади шаҳрвандон ҳамарӯза сурат мегирад. Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли сипаришуда «Толибон» қариб 80 %-и Афғонистонро дар иҳотаи худ гирифта буданд ва ҳамон вақт таҳдидҳои амниятӣ аз ҷониби марзии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Тайи чанд рӯз аст, ки ҳаракати бераҳмонаи навбатии «Толибон» дар вилояти Қундуз идома дорад. Шаҳри Қундузро ба хок яксон карда, шумори зиёди занону кӯдакони бегуноҳ ваҳшиёна ба қатл расонда шудаанд. Ин аксҳоеро, ки дар шабакаҳои интернетӣ мебинем, осори ҳодисаю амалҳои бераҳмона ва ғайриинсонии террористон аст, ки дар як гӯшаи замини бо Тоҷикистон ҳаммарз ва наздик рух додаанд.
Вақте мегӯем: «Шукрона бояд кард», баъзеҳо механданд ва мегӯянд, ки барои чӣ? Барои кӣ? Ба шумо мегӯям: барои озодиву оромии Ватани азизамон, кӯдакони солим, хушбахтии модарон, сиҳатии бародарон ва хиёбонҳои сабзу зебо ШУКРОНА бояд кард ва дуо бояд кард, ки дигар кӯчаҳои ба хун оғӯштаву мотамсарои солҳои гузаштаи кишварамонро (1992), ки осори ҷанги бародаркуш буданд, ҳеҷ гоҳ набинем, аз ёдҳо ва аз дилҳоямон зудуда шаванд ва танҳо дар китобҳои таърих боқӣ бимонанд. Дар ҳар як гардиши кӯчаҳо ҷасадҳои бародарони бегуноҳи мо буд…
Моро зарур аст, ки таъмини пурраи амнияти марзии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин шабурӯз боз ҳам пурзӯр намоем ва ҳаргиз дигар иҷозат надиҳем, ки Ватани мо ба хотири сари қудрат омадани чанд афроди мансабталаб бозичаи дасти хоинони дохиливу хориҷӣ гардад! Ман бар ин мутмаинам, ки агар:
а) адл барпо бошад;
б) ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз шаванд;
в) амалҳои коррупсионӣ ҷилавгирӣ карда шаванд;
г) эҳтиром ба эътиқоди динӣ барҷо бошад;
д) хиёнат ба Ватан набошад
ва Истиқлолияте, ки ба нархи ҷон ба даст овардаем, ҳифз карда ва таҳким бахшида шавад, дар кӯтоҳтарин муддат мо ба яке аз давлатҳои пешрафта мубаддал мегардем. Бошад, ки Ватанамон ободу хони тоҷик пурфайз ва шермардони Ватан ҷонфидои миллат бошанд. Худо кунад, мо зери парчами Ваҳдат, Истиқлол, Озодӣ пеш равему чун имрӯз ифтихор аз ТОҶИК будани хеш кунем!
ДАР ҒАМАТ ШАРИКЕМ, ҚУНДУЗ!((((
Наргис Беҳзод








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила






