НБО «Норак» ба феҳристи 5 иншооти нодири ҷаҳон шомил шуд!
Душанбе, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқӣ-обии «Норак»-и Тоҷикистон ба феҳристи 5 иншооти саноатии нодири ҷаҳон шомил шуд. Дар ин бора АИР «Недвижимость» хабар додааст.
НБО «Норак» бо он ҷолиб аст, ки сарбанди аз сангу гил сохташудаи 300-метрааш баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Обанбори истгоҳ низ хеле бузург аст, дарозии он 70 метр, масоҳати сатҳи об 98 км мураббаъ ва ҳаҷми он 10,5 км мукааб мебошад, — гуфта мешавад дар иттилоия. Умқи миёна 107 метр буда, соли 1978 пур шудааст.
Мавриди зикр аст, ки баландии сарбанди дуюмин калонтарин НБО-и Осиёи Марказӣ — Токтогул (Қирғизистон) 215 метрро ташкил медиҳад. Обанбори истгоҳ дорои андозаи зерин мебошад: дарозӣ — 65 км, масоҳати сатҳи об — 284,3 км мураббаъ, чуқурии максималӣ — 120 м. Ҳаҷми умумии обанбори Токтогул 19,5 км мукааб буда, 14 км мукааби он фоидаовар аст.
«Вақтҳои охир на ҳамаи иқтидори НБО «Норак» пурра истифода мешавад, чунки аз соли 2009 бинобар вайрон шудани низоми муттаҳидаи энергетикӣ он як қисми обро бефоида мепартояд. Партофти бефоида 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ба хисороти молиявӣ то 200 млн. доллари ИМА дар як сол оварда мерасонад», — зикр мешавад дар хабарнома.
Дигар иншооте, ки ба феҳристи 5 иншооти калонтарини саноатии ҷаҳон шомил шуданд, инҳоянд:
— Платформаи истихроҷи нафти «Troll A» дар Баҳри Шимолӣ. Он калонтарин иншооти бетонии ҷаҳон маҳсуб мешавад. Баландии он 472 метр буда, 303 метри он зери об мебошад. Вазни он 684 тонна аст;
— дар чуқурии аз ҳама калонтарини он консерт гузаронида шуд. Бахшида ба 10-солагии «Troll A» барои кормандони он овозхон Кэти Мелуа сароида буд. Консерт дар қисми поёнии платформа дар умқи 303 метр доир шуд.
— бинои «NASA Vehicle Assembly Building», воқеъ дар иёлати Флоридаи ИМА, ки барои ҷамъоварии амудии дастгоҳҳои кайҳонӣ пешбинӣ шудааст. Он бинои якошёнаи бузургтарин дар ҷаҳон ва аз ҳама баландтарин дар ИМА берун аз ҳудудҳои шаҳрӣ маҳсуб мешавад. Баландии он 160 метр ва ҳаҷмаш 3,67 миллион метри мукааб мебошад. Корхона бо он ҷолиб аст, ки дар дохили он шароити обу ҳавои хусусии беҳтар аз берун фароҳам оварда мешавад. Мисол, ҳатто метавонанд абрҳои боронрез ташкил кунанд.
— «Meyer Werft» дар Папенбурги Олмон — яке аз бузургтарин корхонаҳои киштисозии ҷаҳон ва корхонаи таъмири киштиҳо буда, дорои калонтарин бинои хушк барои ҷамъоварии киштиҳо мебошад. «Dockhalle 2» — доки хушк 504 метр дарозӣ, 125 метр паҳноӣ ва 75 метр баландӣ дорад. Ин андозаҳо имкон медиҳанд, ки киштиҳои сайёҳии муосири дорои андозаҳои ниҳоят калон сохта шаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






