Раиси ИЖТ бо журналистони Суғд перомуни масоили марбут ба ВАО суҳбат кард
Душанбе, 14.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода бо мақсади шиносоӣ бо шароити кор ва масоили мухталифи марбут ба соҳаи воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд дар «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ин соҳа мулоқот намуд.
Зиннатулло Исмоилзода бо рӯзноманигорони нашрияҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Дам» ва «Саломат бошед» перомуни шароити кор ва фаъолияти касбии рӯзноманигорон суҳбат орост.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҳадафи вохӯрӣ бо журналистон, пеш аз ҳама, рушду таҳкими журналистика ва вусъати ҳамкорӣ байни воситаҳои ахбори омма мебошад.
«Алҳол замона тақозо дорад, ки рақобатпазирӣ ва амнияти итилоотии ВАО дар мадди аввал бошад. Бояд рӯзноманигорон дар маводи хеш муаммову мушкилоти мардумро инъикос намуда, раҳнамои ҷамъият бошанд. Маҳз ҳамкории муфид метавонад амнияти иттилоотиро ба вуҷуд орад», -иброз дошт З.Исмоилзода.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






