Раиси вилояти Хатлон бо намояндагони ширкати «Cokey Systems» татбиқи лоиҳаи истеҳсоли шираи ширинбияро баррасӣ карданд
Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳайати намояндагони ширкати «Cokey Systems»-и Японияро ба ҳузур пазируфт.
Д. Гулмаҳмадзода аз ҳамкориҳои давлати Япония дар татбиқи як зумра лоиҳаҳо дар соҳоти мухталифи хоҷагии халқи вилояти Хатлон, аз ҷумла аз рӯйи лоиҳаҳои истеҳсоли шираи ширинбия дар ноҳияи Қубодиён, бунёди иншооти обтаъминкунӣ дар ноҳияи Панҷ минатдории хешро баён намуда, изҳор дошт, ки мулоқоти имрӯза дар таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкории минбаъдаи тарафҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт.
«Татбиқи лоиҳаи истеҳсоли шарбати ширинбия дар корхонаи ҶСП «Аввалин» дар ноҳияи Қубодиён тибқи шартномаи сесолаи баимзорасида идома дорад ва корхона дар баробари истеҳсоли шарбати ширинбия аз партовҳои хушки он брикети сӯзишворӣ тайёр намуда, ба фурӯш бароварда истодааст»,- иброз дошт намояндаи ширкати «Cokey Systems»-и Япония хонум Казуко Мотомура.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






