Рамазон Раҳимзода ва Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид масоили мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ карданд
Душанбе, 14.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Тоҷмуҳаммад Ҷоҳидро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу низ иштирок дошт.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки «Солҳои охир ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар доираи созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба густариш ёфта, дар самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба рушди фаъолонаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Афғонистон мусоидат менамоянд».
Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид иброз дошт, ки ҷониби Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳамеша омодаанд бо ҳамкорони кишвари дӯсту ҳамсояи Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаи худро дар ҳама самтҳои дахлдор боз ҳам густариш диҳанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, силоҳ, савдои одамон, инчунин дар самтҳои мубодилаи таҷрибаи корӣ миёни кормандони ду ниҳод, мубодилаи иттилоот, ҳамкории наздисарҳадӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






