Шиносоии Сарвари давлат аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ва намоиши дастовардҳои мардуми ноҳияи Муъминобод

Октябрь 3, 2016 09:52

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» дидан намуданд ва дар ҳамин ҷо бо намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия ошноӣ пайдо карданд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод маҳсули дастранҷи худро, ки намунаҳое аз ҳунару маҳорати кадбонуҳои ноҳия, файзу баракати замини ҳосилхези ин диёр буд, ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳи мазкур масъулини 7 ҷамоати ноҳия иштирок карда, намунаи ҳунарҳои дастӣ, ки расму оини қадимаи мардуми ин диёрро таҷассум мекард, ба маърази тамошо гузошта буданд.

Сокинони ноҳия гӯшаи дигари намоишгоҳро бо маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ ва дастранҷи боғдорон, чорводорон ва занбӯриасалпарварон оро дода буданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, феълан дар ҳудуди ноҳия 7531 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ваҳамасола то 106 тонна асали хушсифат ба даст оварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ ҳамчунин бо вазъи чорвопарварӣ дар ноҳияи Муъминобод ошно гардиданд ва ба масъулин ҷиҳати равнақ додани соҳа дастуру супоришҳои муфид доданд. Аснои шиносоӣ маълум гашт, ки айни замон дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳия 34 ҳазор сар чорвои калон ва 116 ҳазор сар чорвои шохдори майда парвариш меёбад.

Зимни боздид аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии ин боғ 1 гектарро ташкил дода, дар он асосан дарахтони себи хушсифат шинонида шудааст. Навъҳои себи «Гранни смит», «Голден делишес» ва «Супер гиф», ки айни замон дар бозорҳои дигар кишварҳо серхаридор аст, ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар ин боғ парвариш карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки хоҷагии мазкур ҳанӯз соли 2000 таъсис ёфтааст ва феълан дар мувозинати худ 10 гектар замин дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ ҳамчунин ғалладонагӣ, юнучқа, картошка ва сабзавот кишт карда мешавад. Айни замон дар ду гектар замин кишти такрории полезӣ ва бодиринг гузаронида шудааст, ки феълан нашъу намои хуб дорад.

Тавре маълум гашт, боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» соли 2015 бунёд ёфтааст ва феълан дарахтони себ дар он серборанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро чиҳати нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои кӯҳна ва васеъ намудани майдони боғот дастуру супоришҳои муфид доданд.

Октябрь 3, 2016 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон