Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара»
Душанбе, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» шинос шуд.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз шоҳканали асосии таъминкунандаи ноҳия бо об ва рафти татбиқи лоиҳаи обёрии заминҳо дар марҳилаҳои якум ва дуюм дидан карда, барои таъмини иҷроиши пурра ва босифату саривақтии лоиҳа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳаро вазифадор намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар се марҳила обёрии наздик ба се ҳазор гектар заминҳо пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур бо мақсади фароҳам овардани то 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути зиёд намудани майдонҳои кишти пахта, боғу токзор ва сабзавоту полезиҳо амалӣ карда мешавад. Марҳилаҳои лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ татбиқ гардида, корҳои тарҳрезӣ ва татбиқу иҷроиши марҳилаи сеюми лоиҳа аллакай оғоз гардидааст. Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», ки дар доираи он обёрии 1750 гектар замин пешбинӣ гардидааст моҳи марти соли равон ба анҷом расонида шуд. Анҷоми марҳилаи сеюми лоиҳа тибқи нақша дар моҳи декабри соли 2019 дар назар дошта шудааст. Марҳилаи сеюми «Обёрии заминҳои водии Данғара» низ обёрии 1750 гектар заминро фаро хоҳад гирифт.
Зимни шиносоӣ бо ҳолати татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаҳои якум, дуюм ва сеюм Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулони соҳаро барои иҷрои босифати корҳои тозанамоӣ ва бетонпўшсозии қисматҳои алоҳидаи канали асосӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои барои иҷрои лоиҳа пешбинӣ шуда, корҳои истифодаву нигоҳдории иншооти асосии обрасонӣ ва тақвияти назорати татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории мамлакат вазифадор карданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






