Шумораи занони соҳибкор дар вилояти Хатлон афзудааст
Қӯрғонтеппа, 22.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон соҳибкорӣ рушду нумӯъ ёфта, шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 27264 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 611 нафар зиёд мебошад.
Дар вилоят зиёда аз 63 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки 12632-тои онҳоро занон роҳбарӣ менамоянд.
Дар ин давра тавассути бонкҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят дастрасии занон ба қарзҳои имтиёзнок беҳтар гардида, ба 1747 нафар дар ҳаҷми 7 миллиону 714 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, дар бахши тиҷорат ва хизматрасонӣ ба 595 нафар ба маблағи 3 миллиону 375 ҳазор сомонӣ, бахши кишоварзӣ ва чорводорӣ ба 189 нафар ба маблағи 1 миллиону 296 ҳазор сомонӣ, бахши истеъмолӣ ба 963 нафар ба маблағи 3 миллиону 43 ҳазор сомонӣ дода шудааст.
Инчунин тавассути бонкҳои минтақаи Кӯлоб аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба 6212 нафар занон дар ҳаҷми 32 миллиону 258 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ 10 миллиону 456 ҳазор сомонӣ, дар бахши савдо 5 миллиону 906 ҳазор сомонӣ, дар бахши саноат 1 миллиону 812 ҳазор сомонӣ, дар бахши истеъмолӣ 1 миллиону 408 ҳазор сомонӣ маблағ дода шудааст. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз рушди соҳибкории хурду миёна дар вилоят таъмин гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






