«Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаи ҷарроҳӣ дар забони тоҷикӣ»
Душанбе, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаи ҷарроҳӣ дар забони тоҷикӣ»- таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади илмӣ устодон ва профессорҳо аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок дошта, оид ба истилоҳоти тиббии забони тоҷикӣ, дар бораи мушкилоти истилоҳсозии соҳаи ҷарроҳӣ дар забони тоҷикӣ, тарҷумаи истилоҳоти тиббӣ ва душвориҳои ин самт ва тарҷумаи истилоҳоти соҳаи ҷарроҳӣ изҳори ақида намуданд.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки солҳои охир оид ба тарҷумаи истилоҳоти тиббии тоҷикӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд, якчанд китобу дастурҳо ва фарҳангҳои тиббиро бо забони давлатӣ нашр гардиданд. Вале дар ин самт ҳоло ҳам мушкилиҳо ба назар мерасанд. Мутахассисон дар амалияи тиб, ҳангоми гузаронидани лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ бо душвориҳои забонӣ дучор меоянд. Дар ин самт гуногунрангии истилоҳоти тиббӣ ба назар мерасад. Бояд дар якҷоягӣ бо мутахассисон истилоҳоти тиббиро ба танзим дароварда, луғати истилоҳоти тиббии соҳаи ҷарроҳиро таҳия намоем,-зикр намуданд иштирокчиён.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар истифодаи истилоҳоти тиббии забони тоҷикӣ бештар гуногунрангии истилоҳот ва тарҷумаи нодурусти истилоҳот ба назар мерасад.
Дар семинари мазкур қарор қабул карда шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани истилоҳоти тиббӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, истилоҳоти бахшҳои гуногун баъди омӯзиш ва муҳокима мавриди истифода қарор гиранд.
Дар ин бора аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






