Ҳунармандони тоҷик дар фестивали «Орзу»-и Лондон бо ҷоиза ва медал сарфароз гардиданд
Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони ҷавони Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом дар Фестивали кушоди осиёимиёнагии ҳунарии «Орзу», ки дар шаҳри Лондони шоҳигарии Британияи Кабир баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар фестивали мазкур, ки аз 5 то 19-уми октябри соли равон дар ду давр-намоиши синамо ва намоиши театрӣ баргузор гардид, барои «Беҳтарин нақши мардона» саркоргардони театр Муҳиддини Музаффар дар иҷрои нақши «Шоҳ Лир» ва ҳунарманди ҷавон Фарҳод Тӯхташев дар бахши «Беҳтарин нақши саҳнавӣ» дар иҷрои нақши «Ҳамлет» ба гирифтани ҷоиза ва диплом сазовор гардида, иштирокчии фахрии фестивал ҳисобида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли оянда ин ҳунармандон бо намоишномаҳои худ дар фестивали шаҳри Иденбурги давлати Шотландия ва моҳи октябр дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ширкат меварзанд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






