Забони тоҷикӣ-нигаҳбони ҳастии миллат!

Октябрь 5, 2016 08:00

«Насли ҷавони мо бояд  огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ,  махсусан забони модарии хеш кушиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони  забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд».                 

                                                                  Эмомалӣ  Раҳмон

         

ruzi-zabon-3Душанбе, 5.10.2016. (АМИТ «Ховар»)  Халқи тоҷик тӯли ҳазор соли  бенасибӣ аз давлату давлатдорӣ аз байн нарафт, зеро онҳое, ки болои ӯ ҳукумат мекарданд ва ӯро дар панҷаи зулму асорат нигоҳ медоштанд ҳамеша ниёз ба забон ва неруи эҷодкориву созандагии ӯ доштанд.

Аҳди Сомониён давраи тиллоии давлатдорӣ, даврони дар авҷи таҷаллӣ қарор доштани илму фарҳанги миллӣ беш аз асре тӯл накашид ва халқи тоҷик ба роҳи дарози таърихӣ, роҳи пур аз имтиҳонҳои сахту сангин, саршор аз таҷовузи душманон, саркӯбҳои хушунатомез, сахтиҳо, озору азият раҳсипор шуд,  то ин, ки фақат баъд аз  даҳ садсола соҳиби давлате бо марзҳои бамаротиб хурдшуда гардад. Вале ҷолиб ин аст, ки миллати тоҷик на танҳо он ганҷинаеро, ки дар бағал дошт дар он шебу фарозҳои пурхатари роҳи ҳазорсолаҳо гум накард, балки болои он боз ганҷҳои гаронбаҳо илова карда, барои муосирон ва ояндагон армуғон  овард. Президенти кишвар дар ин бора гуфтааст: « Талошу кӯшиш ва андешаи истиқлол миллати моро ҳатто баъди суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози таърих,  аз озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама,  ҳувият, худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва истиқлолро то замони мову шумо расонад».

 

ruzi-zabon-2Таърих гувоҳ аст, ки алорағми вазъи печидаву мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва баъдан дар шароити боз ҳам душвори эҳё ва таҳкими бунёди иқтисоди миллӣ ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ Ҳукумати ҶТ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ вақт аз ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушду густариши забон фориғ набудааст. Ҳукумати ҶТ ҳанӯз аз поении солҳои 1992 ва аввали соли 1993 ба манзури тақвият бахшидан ба мақоми забони давлатӣ ба иқдом пардохт. Ҷашнгирии ҳамасолаи қонуни забон ба роҳ монда шуд. 21 октябри соли 1997  вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи рушди забон барномаи Ҳукумати ҶТ доир ба тавсия ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави ҶТ қабул гардид ва 3 сентябри соли 1998 бо қарори Ҳукумати ҶТ  «Имлои нави забони тоҷикӣ»  тасдиқ карда шуд.

 

 

 

ruzi-zabon-0Президент Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш бар ҳайси Роҳбари сиёсии кишвар  ба ҷойгоҳи забон таваҷҷуҳи беандоза дорад ва забони тоҷикӣ дар андешаи ӯ яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён буда, аз мавқеияти хосае бархурдор мебошад. Эмомалӣ Раҳмон мутмаин аст, ки як риштаи пайванди неруманди таърихии муҳимро ҳамин забону адабиёти тоҷик ташкил медиҳанд ва Сарвари давлат ишқу алоқа ба забон ва гиромидошти анъанаҳои миллиро аз ҷониби тоҷикон сабаби асосии дар арсаи таърих пойдор мондани миллати тоҷик арзёбӣ мекунад.

Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ ба ҳайси Роҳбари давлат дар баробари анҷом додани вазифаҳои мураккаб ва печидаи марбут ба таҳкими сохтори сиёсии давлат омода ва баргузор намудани ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои ҳаёти давлатӣ ҳамеша бар он мекӯшад, ки соатҳое ҷудо кунад то бо ҳамватанон дидору мулоқотҳо ороста сухан аз омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои миллӣ бикушояд ва мардумро ба роҳи фарогирӣ ва сабақандӯзӣ аз таърихи миллати хеш ҳидоят намояд. Дар ин замина  Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамеро, ки барои худшиносӣ ва огоҳии миллӣ тавсия медиҳад, гиромидошти забон аст. Сарвари давлат забонро появу бунёди ҳастии миллат медонад ва бо далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки эҳёи давлатдории миллии тоҷикон пас аз ҳукмронии 200 — солаи арабҳо аз ба саҳнаи сиёсӣ баргардонидани забони модарӣ оғоз гардидааст ва бо рӯй овардан ба саҳифаҳои таърих иброз медорад, ки барои гузаштагони  мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ҳамчунон, ки таърих шаҳодат медиҳад, дар воқеъ ҳам бо ба майдони сиёсат зуҳур намудани Тоҳири Пушанҷӣ, Яъқуби Лайси  Саффорӣ растохези бузурге дар ривоҷ додану ба кор гирифтани забони тоҷикӣ ба ҷои арабӣ оғоз шуду суръат гирифт. Ба ин давра ба ривоҷи забону адаби тоҷикӣ замина гузошт, ки баъдан, дар замони Сомониён ҳарчи бештар забони меъёрӣ ва расмӣ неруманд гардид.

ruzi-zabonЗабони тоҷикӣ офаридаи миллати тоҷик, нигаҳбони ҳастии ӯ тӯли садсолаҳо гардид ва шукри Истиқлоли кишвар, ки ин забон боз ба гаҳвораи худ баргашт ва чун ҳазорсоли пеш забони расмӣ гардида  мақоми пешинаи худро касб кард. Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин забонро ба минбарҳои баланди дунё баровард, бо ифтихору сарфарозӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан кард ва бори дигар паёми сулҳу ваҳдату шукуфоии ватани азизи моро ин соҳибзабони арзанда ба оламиён расонид.

 

 

                                                                

Сайрам Бақозода

                                                          номзади илмҳои филология

P.S: АМИТ «Ховар» тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикзабонони бурунмарзиро бо иди миллӣ-Рӯзи забони давлатӣ, ки имрӯз, 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик менамояд.   

Октябрь 5, 2016 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд