10 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон. Ояндаи Тоҷикистон ба заковату қобилияти насли ҷавони бунёдкор вобаста аст

Ноябрь 10, 2016 16:50

Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба ифтихори таъсиси Федератсияи умумиҷаҳонии демократии ҷавонон (ВФДМ) (World Federation of Democratic Youth, WFDY) ба миён омада буд. Соли 1945 аз 29 октябр то 10 ноябр дар шаҳри Лондон Конфронси умумиҷаҳонии ҷавонон баргузор ва он барои таъсиси ин рӯз сабаб гардид.
Дар Тоҷикистон ҳарчанд 12 август расман Рӯзи байналилалии ҷавонон эълон гардидааст, вале дар баробари ин ҳамасола як ҳафтаи моҳи май дар мамлакат чун ҳафтаи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин амал шаҳодати он аст, ки давлату ҳукумати кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Тавре намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқов иброз дошт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инкишофи ҳамаҷонибаи фаъолияти сиёсии ҷавонон, ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ояндасози кишвар таваҷҷуҳ зиҳир менамояд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолнокии сиёсати ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон талош меварзанд».
Ба гуфтаи Дилошӯб Розиқов, дар робита ба ин барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар кишварамон як қатор санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон» ва инчунин чандин барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013- 2015 ва 2016 -2018» қабул гардиданд.
«Имрӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар нақшаи чорабиниҳои муштаракро бо вазорату идораҳои дахлдор ба тавсиб расонида, ҷиҳати амалигардонии онҳо корҳои назаррасро ба сомон расонид. Ин барои пешрафти соҳа ва баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа маҳаки асосӣ мебошад»- афзуд мавсуф.
Имрӯзҳо дар ҳаёти ҷавонон дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон, таъсиси «Ҷоизаи ба номи «Исмоили Сомонӣ» барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, таъсиси «Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ ва барномасозӣ», таъсиси Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони лаёқатманди мактабҳои миёна ва махсуси касбӣ тақвиятбахши ин гуфтаҳост.
Тавре Дилошӯб Розиқов зикр намуд, ҳоло дар тамоми соҳаҳои пешрафти мамлакат саҳми ҷавонон арзанда арзёбӣ мегардад ва онҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас доранд.
Ҷавонони мо имрӯз бо заковати баланди инсонӣ ва дарки амиқи хештаншиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон нақши созандаи хешро мегузоранд.
Ҷумурии Тоҷикистон аз ҷавонон-ин насли ояндасози ҷамъият умеди зиёд дорад. Ояндаи мамлакат ба заковату қобилияти насли ҷавони бунёдкор сахт алоқамандӣ дорад.

Ноябрь 10, 2016 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд