Ба муносибати Рӯзи Президент: намоиши китобҳои Пешвои миллат дар Академияи илмҳои ҶТ

Ноябрь 15, 2016 17:01

Душанбе, 15.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рўзи Президент имрӯз, 15 ноябр дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
«Мақсад аз намоиш- нишон додани саҳму нақши Сарвари давлат дар рушду равнақи босуботи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва баланд бардоштани мафкураи миллии мардуми мо мебошад. Ин намоиши китоб дар муаррифии саҳми Президенти мамлакат дар татбиқи сиёсати сулҳу баҳамоӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамто надорад»,-хабар доданд аз китобхона.
Тавре ки котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин иттилоъ дод, дар намоиш муовини директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Олимов оид ба китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» сухан ронда, гуфт: «Пешвои миллат тасмим гирифтаанд, то таърихи забони тоҷикиро дар силсилае бо унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ба нашр расонанд ва ин китоби аввал аст. Аз нигоҳи сохторӣ китоби мазкур дар баробари муқаддимаву хулоса ва китобнома фарогири 6 боб буда, ҳар боб аз се то панҷ фаслро дар бар мегирад».
Идомаи чорабинӣ дар мавзӯи «Президент ва Истиқлолияти миллӣ» бахшида ба «Рӯзи Президент» 16 ноябри соли 2016, соати 09:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои илмии олимон, академикон, шоирон ва нависандагони ҷумҳурӣ баргузор хоҳад гашт.

Ноябрь 15, 2016 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад