Дар асоси Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт 54 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд
Рашт, 30.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, самтҳои асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳияро муайян намуда, барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии хоҷагии халқи ноҳия ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд
Дар асоси барномаи мазкур дар назар аст, ки дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 73 иншоот ба маблағи 105 миллиону 265 ҳазору 800 сомонӣ ба истифода дода шаванд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 83 миллиону 239 ҳазору 500 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 12 милиону 416 ҳазору 300 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 73 ҳазору 700 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории хориҷӣ 6 миллиону 854 ҳазору 300 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон 1 милиону 673 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Зиёда аз ин баҳри татбиқи барнома ҷалби 19 миллиону 954 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун сармояи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зимни татбиқи барнома то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз 73 иншооти нақшавӣ 54 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 9 иншоот корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд. Дар 10 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ҳанӯз оғоз нагардидаанд.