Дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон бунёди бинои мактаби замонавӣ оғоз шуд
Хоруғ, 21.11.2016. /АМИТ«Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳафтуми деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон дар аввали солҳои 50-уми асри гузашта бо усули ҳашар сохта шуда буд ва агарчӣ ҳамасола таъмир мешуд, аммо боз ҳам шифту бомаш аз ҳам фурӯ мепошид. Ба гуфтаи директори мактаби мазкур Арамбегим Ҷаъфариева: «соли гузашта бар асари зилзила аксарияти синфхонаҳо садамаи сахт диданд, аммо сарфи назар аз ин, мо таҳсилро қатъ накардем. Бо кумаки волидону омӯзгорон биноро ба қадри имкон таъмир намуда, ба таҳсили худ идома додем».
Омӯзгорони ин таълимгоҳ нимаи дуюми соли гузашта ҳангоми мулоқот бо Пешвои миллат масъалаи бунёди бинои таълимгоҳро дар миён гузоштанд. Худи ҳамон сол бо қарори раиси ноҳия барои сохтмони бино қитъаи замин ҷудо карда шуд ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал 600 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Муҳандиси сохтмон Саидмурод Саидов гуфт, ки «мо дар гузоштани таҳкурсии бино 30 нафар ҷавонони маҳаллиро ба кор ҷалб намудем ва бо зиёд шудани ҳаҷми корҳо теъдоди коргарон низ афзоиш меёбад».
Ба гуфтаи сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев: «ҳоло дар ҳудуди вилоят бунёди чаҳор бинои дуошёнаи замонавӣ ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Ҳамаи биноҳо дорои синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаҳои электронӣ, толори варзишӣ ва ошхона мебошанд».