Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Конститутсия сайругашти оммавӣ доир мешавад
Душанбе, 04. 11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе нақшаи барномаҳои идонаро тарҳрезӣ намудааст. Аз шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 6 ноябр аз субҳ дар Боғи устод Рӯдакӣ, боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва Майдони «800-солагии Маскав» намоиши идона барпо гардида, ҳунармандони ансамблҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Шашмақом», «Фалак», «Дарё», «Ориё», «Гулрез», ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дастаҳои «Гулшан», «Зебо» , «Ҷаҳоноро» ва овозхонҳои дастаҳои дигари ҳунарӣ барномаи рангини идонаро пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Ҳамзамон дар ин рӯз бо мақсади пурнозу неъмат гардонидани дастархони идонаи сокинони пойтахт ва болида намудани рӯҳияи шаҳрванон дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр сайругашти оммавии сокинон, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, кулчагию қаннодӣ ташкил карда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки 22 сол муқаддам, аниқтараш 6 ноябри соли 1994 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле мураккаб ва сарнавиштсоз қабул гардид. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон пояҳои давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосир дар зарфи 22 сол се маротиба- солҳои 1999, 2003 ва моҳи майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






