Дар Душанбе Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мавзӯи «Назария ва амалияи қонунгузории зиддиинҳисорӣ» машварат доир кард

Ноябрь 25, 2016 17:22

Душанбе, 25.11.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Назария ва амалияи қонунгузории зиддиинҳисорӣ» машварат доир кард.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки: «яке аз самтҳои фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ҳимояи ҳуқуқи истемолкунандагон мебошад. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ташкил намудани сохторҳои дахлдор оид ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад, ки мо дар ин бора тадбирҳои дахлдор андешида, аз рӯи он амал намуда истодаем».
«Мақсади машварати имрӯза- бори дигар ба диққати аҳли ҷомеа, намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазорату идораҳои дахлдор расонидани талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ мебошад»,- иброз дошт Рустам Қурбонов, сармутахасисии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки дар машварат намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе ва раисони бозорҳои пойтахт иштирок намуда, оид ба масоили қонунгузории зиддиинҳисорӣ сухан гуфтанд.

Ноябрь 25, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд