Дар шаҳри Қурғонтеппа оид ба тарзи ҳаёти солим ҳамоиш доир гардид
Душанбе, 17.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Дафтари Хазинаи нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилоят, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят оид ба саломатии наврасон ва тарзи ҳаёти солим ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Иштирокчиён оид ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим, тақвияти сиҳатӣ ва солимии репродуктивӣ, танзими оила, ҳуқуқҳои ҷавонон ва наврасон, ҳамкории муштарак дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва интишори маводи зарурӣ ибрози ақида намуданд»,- хабар дод манбаъ.
Ҳамоиш дар чаҳорчӯбаи барномаи кишварии Хазинаи нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 амалӣ мегардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






