Даври ниҳоии «Тӯби чармин» дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд

Ноябрь 3, 2016 11:31

Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ниҳоии «Тӯби чармин» дар майдони сеюми Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе миёни бозингарони соли таваллудашон 2003-2004 оғоз гардид.
Дар бозиҳои ниҳоӣ ҳашт дастаи ғолиб аз минтақа ва шаҳрҳо дар ду гурӯҳ иштирок мекунанд. Ба гурӯҳи «А» хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 12-и шаҳри Душанбе, 10-и Шаҳринав, 2-и Кӯлоб ва Гимназияи рақами 4 и шаҳри Хуҷанд, ба гурӯҳи «Б» мактабҳои рақами 78-и Душанбе, 139-и Ваҳдат, 1-и ноҳияи Панҷ ва Гимназияи Истаравшан шомил шудаанд.
Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба бозиҳои минбаъда роҳхат мегиранд. 5-уми ноябр ғолибон муайян хоҳанд шуд.

Ноябрь 3, 2016 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд