Дониш талабу бузургӣ омӯз! Идомаи даъватҳо ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2016 10:25

kmtДушанбе, 04.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикисон (КМТ) бо мақсади даъват ба китобхона, ки чанд моҳ инҷониб дар макотиби миёнаву олии кишвар идома дорад, ба мактабҳои № 36, 39 ва 49-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рафтанд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маъмурияти мактабҳо ин иқдоми Китобхонаи миллиро шоистаи дастгирӣ дониста, иброз намуданд, ки чунин барномаҳо барои ояндаи толибилмон таъсири хуб мегузоранд.
Кормандони КМТ хонандагонро бо шароити Китобхона ошно карда, ба онҳо дар бораи толорҳои хониш, теъдоди китобҳо ва маҳфилҳое, ки дар ин боргоҳи илму маърифат баргузор мегарданд, нақл намуданд.
Чун анъана дар поёни суҳбат ва анҷоми табодули афкор аз ҷониби масъулин ба хонандагон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.

Ноябрь 4, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд