Футболбозони Тоҷикистон пагоҳ бо дастаи мунтахаби Туркманистон қувва меозмоянд
Душанбе, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Туркманистон дар як дидори рафиқона дар соати 17:00 бо ҳам вориди майдон мешаванд. Мақсади бозӣ санҷиши тайёрии дастаҳо ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё, ки моҳи марти соли оянда баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ва Туркманистон дар он ширкат меварзанд.
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон дар таърихи худ бо ҳам 7 бозӣ доир кардаанд, ки дар он ду маротиба футболбозони Тоҷикистон ва се маротиба Туркманистон ғолиб омада, ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфтааст.
Аввалин бозии ин дастаҳо 24 сол муқаддам -11 июли соли 1992 дар шаҳри Ашқобод сурат гирифтааст, ки он бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расидааст.
Натиҷаи бозиҳои дигар чунин аст:
Ҷоми Осиёи марказӣ
Туркманистон Тоҷикистон 3:3
Муаллифи голҳои Тоҷикистон: Ораз Назаров, 26, Алиёр Ашӯрмамадов, 30, 66.
11 июли с. 1992 , ш. Ашқобод.
Бозии дӯстона
Туркманистон Тоҷикистон 6:0
2 июни с. 1993, ш. Ашқобод.
Мусобиқаи байналмилалӣ
Тоҷикистон Туркманистон 0:2
19 апрели с. 1994, ш. Тошканд.
Чемпионати ҷаҳон. Бозиҳои интихобӣ
Туркманистон Тоҷикистон 1:2
Голҳо: Вячеслав Князев, 41, 49.
25 маи с. 1997, ш. Ашқобод.
Чемпионати ҷаҳон. Бозиҳои интихобӣ
Тоҷикистон Туркманистон 5:0
Голҳо: Арсен Аваков, 4, 26, 34, Шуҳрат Ҷабборов, 14, Тоҳирҷон Мӯминов, 88.
22 июни с.1997, ш. Душанбе.
Ҷоми даъвати КФО-2008. Даври ниҳоӣ
Тоҷикистон Туркманистон 0:0
30 июли с. 2008 , ш. Ҳайдаробод, Ҳиндустон.
Ҷоми даъвати КФО-2008. Даври ниҳоӣ
Тоҷикистон Туркманистон 0:2
24 феврали с. 2010 , Колумбия, Шри-Ланка.
Ин дафъа кӣ ғолиб меояд, пагоҳ хоҳем дид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






