Кӯлоб: Созандагони Ватан пуштибони Пешвои миллат
Душанбе,11.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» конфронси минтақавӣ баргузор шуд. Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар кори конфронс зиёда аз 50 нафар аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи китобхона китобҳои Пешвои миллат ба хотири огоҳи пайдо кардан аз гузаштаву имрӯзи халқи тоҷик ва такмил додани ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии ҷавонон ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева зикр кард, ки «Пешвои миллат барои пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, сазовор шудан ба истиқлолияти комил хизматҳои беназир кардааст. Боиси ифтихори тамоми миллати тоҷик аст, ки дар қатори дигар идҳои миллӣ дар саросари мамлакат Рӯзи Президент низ ҷашн гирифта мешавад».
Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов иброз дошт, ки «яке аз тадбирхои дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таклиф ҷиҳати таъсис додани қаноти ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Созандагони Ватан» буд, ки 20 апрели соли 2011 дар КИМ ҲХДТ ироа гардид. 11 ноябри соли 2011 ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба қайд гирифта шуда, ба фаъолият оғоз кард. Ин иқдом бори дигар ҳусни тавваҷуҳи роҳбарияти олии кишварро нисбати ҷавонон нишон дода, қишри ҷавони ҷомеаро ба иҷрои амалҳои созанда дилгарм сохт».
Ҷавонон дар васфи Ватан, Истиқлолият ва Пешвои миллат сурудҳо ва порчаҳои шеърӣ қироат намуда, ба ин васила нишон доданд, ки дар ҳақиқат ҷонибдор ва пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мебошанд.
Дар охир ба ҷавонони фаъол, ки ба сафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомил гардиданд, билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






